ТАРҶУМАИ РУБОИҲОИ ИБНИ СИНО

ТАРҶУМАИ РУБОИҲОИ ИБНИ СИНО
  • Post category:Фарҳанг

Абӯалӣ ибни Сино шоири ҳассос мебошад, ки ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ  ва арабӣ қасида, ғазал, қитъа ва рубоӣ навиштааст. Аммо мероси адабии ӯ то ба мо пурра омада нарасидааст. Пажӯҳишгарони асарҳои бадеии аллома то имрӯз 5 рубоӣ, 4 ғазал, 5 қитъа ва 2 байт шеъри  форсӣ-тоҷикиро ба қалами ӯ мансуб дониста, ба дигар шеърҳои ба ӯ мутааллиқ бо андаке шубҳа муносибат мекунанд. Қисми асосии эҷоди шоирро рубоиҳо ташкил намуда, як қисми онҳо ба Умари Хайём низ нисбат дода мешавад. Ба ҷуз ин, дар девони соли 1957 дар Теҳрон нашршуда 26 шеъри арабии Ибни Сино низ оварда шудаанд. Онҳо ба мавзӯъҳои гузашти умр, шикоят аз пирӣ, панду насиҳат ва ишқ оиданд. «Қасидаи айния»  бошад, дар мавзӯи ирфон эҷод шудааст. 
Ибни Синоро ба сифати шоире, ки шеъри фалсафиро оғоз бахшидааст, эътироф мекунанд. Аксарияти рубоиҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи ишқанд, рубоиҳои Абӯсаиди Абулхайр мазмуни тасаввуфӣ доранд. Вале рубоиёти Абӯалӣ ибни Сино мазмунҳои фалсафиро дар бар мегиранд. Дарҳақиқат, олими ҳамадоне, ки ҳамаи илмҳои замони худро амиқ медонист ва дар мавзӯъҳои ҳаёту мамот дар миқёси умумбашарӣ мулоҳиза меронд, бо рубоиҳои худ, ки ҳар яке ҳикмати алоҳида доранд, дар адабиёти Шарқ шеъри воқеан фалсафиро ибтидо гузошт. Баъдтар Умари Хайём, ки худро шогирди Ибни Сино медонист, дар мавзӯъҳои ҳаёту мамот, одаму олам рубоиҳои пурмуҳтавои фалсафӣ навишта, ба устоди рубоӣ табдил ёфт. Рубоиро ба дараҷаи жанрҳои пешрафтатарини адабиёт баровард. 
Тарҷумаи бадеӣ ҳодисаи мусбӣ ба шумор меравад. Се нусхаи тарҷумаи рубоиҳои Ибни Сино ба ӯзбекӣ маълум аст.  Нахуст донишманди адабиёти форс-тоҷик, тарҷумони забардаст Шоислом Шомуҳаммедов  дар қатори асарҳои шеърии дигар 20 рубоии Ибни Синоро низ бо вазни ҳиҷо тарҷума карда буд.  Рубоиҳои мазкур ба ҷиҳати он ки ба асли худ мувофиқ, фаҳмо, равон ва таъсиргузор тарҷума гардида буданд, дар байни халқ машҳур шуданд.  Аз ҷумла, дар ин рубоӣ ҳақиқати талхи одам ҳар қадар нодон бошад, ҳамон қадар ҷоҳил мешавад, бо ҷоҳил дар баробари ӯ бояд суҳбат кард, дар акси ҳол туро ба сафи одамон ҳамроҳ намекунад, талқин гардида, дар ӯзбекӣ ҳам мувофиқ ба асли худ садо медиҳад: 
Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд.
Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ
Ҳар, к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.
Тарҷума:
Ӯзни доно билган бу уч-тӯрт нодон,
Эшак табиатин қилур намоён.
Булар суҳбатида сен ҳам эшак бӯл,
Бӯлмаса «кофир» деб қилишар эълон.
Маълум аст, ки жанрҳои адабиёти классикӣ дар давоми асрҳо такомул ва ташаккул ёфтаанд. Яке аз онҳо рубоӣ буда, вазн барои он омили муҳими дараҷаи муайян кардани жанр – он фақат дар вазнҳои ахрам ва ахраби баҳри ҳазаҷи низоми шеъри арӯз – дар 24 шуъбаи онҳо навишта мешавад. Бинобар ин, Ш. Шомуҳаммедов мазмуни рубоиҳои шоири мутафаккирро ҳар қадар ба забони ӯзбекӣ зебо тарҷума карда бошад ҳам, шакли онҳоро қурбон кардааст. Тарҷумаҳои ӯ аз ҷиҳати мазмун ба аслият мутобиқ бошад ҳам, шаклан фарқ мекунанд. Пас маълум мешавад, ки дар тарҷума ба ягонагии мазмун ва шакл ноил нагардидааст. Бо назардошти ин фикр, шоир ва тарҷумони чирадаст Ҷамол Камол 24 рубоии Ибни Синоро бо вазни арӯз тарҷума кард.  Бо вуҷуди он ки дар ин тарҷумаҳо калимаву ибораҳои форсиву арабӣ нисбатан бештаранд, онҳо байни хонандагоне, ки ошиқи шеъри Шарқ буда, диди баланд доранд, мухлисони худро низ пайдо карданд. Чунончи, рубоии зерини машҳури шоир, ки байни аҳли илму адаб хеле машҳур аст, дар вазни ҳазаҷи мусаммани ахраби мақбузи солими абтар бошад. Ҷ. Камол онро ба се вазни хоси рубоӣ (арӯз) тарҷума кардааст:
Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас, дар ҳама даҳр як мусалмон набувад.
Тарҷума:
Куфримни аён айламак осон бӯлмас,
Оламда имоним каби иймон бӯлмас.
Даҳр ичра ягонаман, манам кофир эмас,
Бас, ушбу жаҳонда бир мусулмон бӯлмас.
Ҳар як тарҷумон мехоҳад, ки ба адибони бузург «панҷа ба панҷа» занад, бо тарҷумаи асарҳои онҳо мехоҳад, ки қувваи қалами худро озмояд. Ин чиз барои тарҷумаҳои нав роҳ мекушояд. Ба тарҷумаи сеюми рубоиҳои Ибни Сино даст задани роқими ин сатрҳо айнан бо ҳамин омил эзоҳ меёбад.

Дар баробари ин, мо тарҷумаи пурраи рубоиҳои то имрӯз ба мо маълумро мақсади худ қарор додем ва 46 рубоии шоирро бо вазни худ ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардем. Мо дар ин самт аз таҷрибаи устодони тарҷумон омӯхта, барои идома додани анъанаҳои муваффақиятноки онҳо ҳаракат кардем. Аз Ш. Шомуҳаммедов дақиқ ва фаҳмо расондани мазмун, аз Ҷ. Камол зебо ва таъсиргузор кардани шаклро омӯхтем. 
Инак, намунае аз тарҷумаи ин ҷониб:
Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд,
Дар маърифатат чу нек фикре кардам,
Маълумам шуд, ки ҳеч маълум нашуд.
Тарҷума:
Сӯз қолмади парда ичра ҳеч маълум эмас,
Дунёда бирор сир мен учун мавҳум эмас.
Мен маърифатингда кӯп тафаккур қилдим,
Маълум бӯлди: ҳеч нима маълум эмас.
Дар тарҷумашиносӣ чунин қоида мавҷуд аст: асари муайян аз ҷониби нафари зиёд тарҷума карда шавад. Ҳар як тарҷума паҳлуи нави асарро мекушояд ва талқини дигари онро ба вуҷуд меорад. Айни замон мавҷуд будани якчанд нусхаи тарҷумаи як асар силсилаи кӯшишҳои ба худ хос дар роҳи кашф кардани асари мазкур низ мебошад. Бинобар ин, модом ки айни замон се нусхаи тарҷумаи рубоиҳои Ибни Сино мавҷуд аст, онҳоро ба ҳайси кӯшишҳо дар роҳи офаридани тарҷумаи муқобил, ки ба матни асл ҳам аз ҷиҳати мазмун, ҳам аз ҷиҳати шакл мувофиқ меоянд, арзёбӣ кардан лозим аст.

Эргаш ОЧИЛОВ,
номзади илмҳои филология.

ovozitojik.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ