Педагоги ифтихорӣ – ба дигарон намунаи ибрат

Педагоги ифтихорӣ – ба дигарон намунаи ибрат

Педагоги ботаҷриба Олия Умарова дар мактаби таълими умумии рақами 28-и ноҳияи Оқдарё 38 сол аз фанни математика ба фарзандони мардум дарс дод. Якчанд сол роҳбарии мактабро бар ӯҳда дошт. Садҳо нафар шогирдҳо омода кард. Муаллимаи соҳибобрӯ мебошад.
Баъди ба нафақа баромадан бо нияти нағз дар 3 хол замини наздиҳавлигӣ гарм­хона созонд. Ҳар сол ҳамроҳи фарзандонаш дар он маҳсулоти деҳқонӣ мерасонад. Якчанд моҳ пеш дар гармхона 1000 бех навъи серҳосилу зудпази парвардаи помидорро шинонда буданд. Кӯчатҳоро мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ парвариш намуданд. Имрӯзҳо помидорҳо пухта расида, аз ҳар бехи онҳо 5-килограммӣ ҳосил гирифтанд. Ҳоло дар палакҳо ғӯраҳо бисёр. Ҳар як бех то 10 килограмм ҳосил медиҳад. Аз даромади гармхона рӯзгорашон обод аст. Айни замон помидорҳои пухтарасидаро бо нархи арзон ба ҳаммаҳаллагон мефурӯшанд.

Суннатилло ИБРОҲИМОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ