Асари дӯстдоштаи ман

Асари дӯстдоштаи ман

  • Post category:Фарҳанг

Ҳар як инсон бояд вақти худро беҳуда нагузаронида, бо илм ё ҳунаромӯзӣ машғул шавад. Зеро илм – чароғи ақл аст. Ман ҳам мутолиаи китобро хеле дӯст медорам ва дар вақти холӣ бо китобхонӣ машғул мешавам. Ба ман бисёртар хондани асарҳои адибони классикӣ писанд меояд. Ҳангоми хондани онҳо баробари гирифтани озуқаи маънавӣ, ҷиҳатҳои тарбиявиашро низ меомӯзам. Ҳоло хостам, дар бораи яке аз онҳо маълумот диҳам.
Асари дӯстдоштаи ман «Баҳорис­тон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Ин асар бо забони форсӣ-­тоҷикӣ навишта шудааст. Он асари тарбиявӣ–ахлоқӣ ба ҳисоб меравад «Баҳористон» соли 1487 дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ чун китоби дарсӣ барои писараш Зиёуддин Юсуф навишта шудааст.
«Баҳористон» аз муқаддима ва ҳашт боб иборат буда, дар охирҳои умри Ҷомӣ навишта шуда аст. Он як навъ ҷамъбасти андешаву афкори ӯ мебошад. Ҷомӣ ҳангоми таълиф, пеш аз ҳама, мақсади тарбияи ҷавононе, мисли фарзанди арҷмандаш З. Юсуфро пеш гузоштааст.
«Баҳористон» асарест, ки дар он урфу одат ва хулқу хислатҳои тамоми табақаҳои мардумӣ инъикос гардидааст. Забони он монанди асари Саъдӣ соддаву равон ва фаҳмо буда, насри мусаҷҷаъ ва порчаҳои шеърӣ онро зеб додаанд.
Нақлу ҳикоёти дохиливу берунии равзаҳо ба ҳикояву латифаҳои дилкаши мардумӣ монанданд. Мавқеи устувори инсондӯстӣ низ Саъдиву Ҷомиро наздик мекунад ва аз умумияти қасду ҳадафи эҷодии ду суханвари нобиға дарак медиҳад. Ҷомӣ бисёр мавзӯъҳои «Гулистон»-ро дар хусуси адолат, ахлоқи дарвешон ва ишқу муҳаббати ҷавонӣ вусъат дода, дар навбати худ дар асараш адолати иҷтимоиро тафсилу тавсир менамояд. Вай аз ҳар як инсон тақозо мекунад, ки дар муносибат бо дигарон сидқу сафо, аҳду вафо ва хайру некӯиро ба кор андозад. Ба андешаи Ҷомӣ, қадру қимат ва мақому манзалати волои инсон на вобаста ба аслу насабу мулку дороӣ, балки ба маънавиёти ғанӣ ва ақлу хиради ӯст:
Ҳикмати мард на аз симу зар аст,
Қимати мард ба қадри ҳунар аст.
«Баҳористон» дар тазмини «Гулистон» мебошад.
Танҳо боби 3-юми «Баҳористон» ба боби якуми «Гулистон» ва боби панҷуми ҳар ду китоб дар як мавзӯъ буда, мавзӯоти бобҳои 2, 3, 4, 6, 7, 8-уми «Баҳористон» тамоман нав аст. Фарқи дигари «Баҳористон» аз «Гулистон» он аст, ки Саъдӣ бобҳои китоби худро бе муқаддима оғоз кардааст, аммо Ҷомӣ дар оғози ҳар равза бо унвони «Фоида» муқаддимаи хурде меорад, ки он моҳияти мавзӯъҳои бобро муайян мекунад.
Таъсири «Баҳористон» ба «Парешон»-и Қоонӣ, «Мулистон»-и Тамкин ва монанди инҳо бузург аст. Бояд гуфт, ки шоири сӯфимашраби форсизабони Югославия Фавзӣ асари худ «Булбулистон»-ро маҳз ба сабку пайравии «Баҳористон» навиштааст.
«Баҳористон» соли 1778 ба забони лотинӣ, солҳои 1935, 1964 ва 1981 ба забонҳои олмонӣ, соли 1957 ба чехӣ, соли 1964 ба озарбойҷонӣ, соли 1964 ба забони русӣ тарҷима шудааст.

Парвина ОЛИМҶОНОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ