Путин: Русия барои ривоҷи иқтисодӣ ба муҳоҷирон ниёз дорад

Путин: Русия барои ривоҷи иқтисодӣ ба муҳоҷирон ниёз дорад

  • Post category:Ҷаҳон

Русия барои рушди иқтисодӣ ба муҳоҷирон ниёз дорад, гуфт президенти Русия Владимир Путин зимни вохӯрӣ бо лоиҳакашони ислоҳоти конститутсионӣ.

«Русия ба воридшавии муҳоҷирон манфиатдор аст, вале ба онҳое, ки ба кишвар лозиманд. Русия ба воридшавии шаҳрвандони ҷадид ниёз дорад. Чизе, ки ба иқтисод вобаста аст, комилан возеҳ аст ва пас аз чанде боз норасоии қувваи корӣ аёнтар хоҳад шуд», — гуфт президент.
Путин нарасидани қувваи кориро барои пешрафти иқтисоди кишвар монеъаи ҷиддӣ хонда аз онро аз мушкилоти мубрам гуфт.
Президенти Русия Владимир Путин таъкид кард, ки  Русия ба ҷавонони омодаи таҳсил ё соҳиби касбу маълуоти олӣ, ниёз дорад.
Дар баробари ин кишвардор қайд кард, ки дар раванди ҷалби муҳоҷирон набояд ҳуқуқи шаҳрвандони Русия нақз шавад.
Путин афзуд, ки Русия бамаротиб хостори воридшавии донандагони забони русӣ ва фарҳанги ин кишвар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ