Дар шаҳри Самарқанд мономаркази «Ба кор марҳамат» ташкил мегардад

Аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳое, ки дар барномаи таъмини шуғли аҳолии вилоят оварда шудааст, афзунсозии субъектҳои тадбиркорӣ ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ дар назар аст. Инчунин, тавассути ҷалби захираҳои Хазинаи давлатии дастгирии рушди фаъолияти тадбиркории назди Девони Вазирон ташкили ҷойҳои корӣ муқаррар гардидааст. Ин масъала дар ҷамъомаде, ки дар ҳокимияти вилоят доир гардид, баррасӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки якҷоя бо ҳокимиятҳои шаҳр ва ноҳияҳо адади 63-то кооперативи мавҷуд ба 150-то расонида шуда, тавассути субсидияҳое, ки бо мақсади ривоҷдиҳии заминҳои шахсии наздиҳавлигии 1166 нафар аҳолӣ ҷудо гардидааст, чорабиниҳо бобати бо кор таъмин кардани 1900 нафар шаҳрванди бекори кишвар амалӣ гардид.
Дар шаҳри Самарқанд мономаркази «Ба кор марҳамат» ташкил мегардад. Дар шаҳри Каттақӯрғон Маркази ба касб бозомӯзии шаҳрвандони бекор таъмир гардида, дар 84 маҳаллаи вилоят марказҳои бозомӯзии ҳунар ташкил мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ