Гурӯҳи кории вазорат чаро ба Ургут омад?

Гурӯҳи кории вазорат чаро ба Ургут омад?

Имрӯзҳо дар саросари кишвар таҳти шиори «Барои ободии Ватани ҷонаҷон саҳми худро ҳамроҳ мекунам!» дар маҳалла, кӯча ва хонаводаҳо аксияҳо ташкил гардида, аз тарафи ташкилотҳои мутасаддӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ободсозии гирду атрофи маҳаллаҳо корҳои зиёд амалӣ мегарданд. Дар асоси ин хонадон, кӯча ва маҳаллаҳо ободтар гардида, ба худ намуди нав мегиранд.
Гурӯҳи кории Вазорати дастгирии маҳалла ва оилаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Сарвари давлат аз рӯйи ташкили кор дар асоси тамоили «Хонадони обод – кӯчаи обод – маҳаллаи обод», ки ба ободу сабзазоргардонии хонадон ва кӯчаҳо нигаронида шудааст, ба ноҳияи Ургут ташриф оварда, бо корҳои дар ин самт иҷрошудаи як қатор маҳаллаҳои ноҳия шинос шуданд.
Дар доираи корҳои омӯзишӣ ба гурӯҳи корӣ маълумот дода шуд, ки тӯли як моҳи охир аксари маҳалла ва хонадонҳо обод ва бо иштироки аҳолӣ девори хонаводаҳо сафед, ҷӯйборҳо тоза ва партовҳо кашонида шуданд. Инчунин, мардум дар обод намудани зиёратгоҳ ва қабристонҳо фаъол иштирок карданд. Дар хонадони оилаҳои камбизоат ҳашар ва корҳои таъмирӣ ташкил гардиданд.
Аъзоёни гурӯҳи корӣ ба маҳаллаҳои «Кенагас», «Нисбат», «Сариқтеппа» ва «Бунёдкор» рафта, бо корҳои ободонӣ аз наздик шинос шуданд. Инчунин, аз рӯзгори оилаҳои камбизоат хабар гирифтанд.
Дар доираи ташриф ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Мерганчаи ноҳия рафта, бо рафти корҳои бунёдкории масҷиди нав шинос шуданд.
– Ҷойе, ки ободу озода аст, дар он ҷо файзу барака, тинҷиву осоиштагӣ мешавад, – мегӯяд сарвари шӯъбаи дастгирии маҳалла ва оилаи ноҳия Фозилҷон Аҳатов. – Одам дар муҳити орому осуда, тозаву обод зиндагӣ кунад, саломатияш мус­таҳкам гардида, умраш дароз мешавад. Дар дилаш ниятҳои нек пайдо мегардад. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи ин амалҳои хайр ва корҳои ободониву тарғиботӣ адади маҳалла ва хонадонҳои намунавии ноҳия то рафт зиёд мегарданд. Маҳаллаҳо бошанд, ба маскани ободу озода табдил меёбанд.

Хизмати матбуоти
ҳокимияти ноҳияи Ургут.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ