Путин таъкид намуд, ки Россия ба коргарони хориҷӣ эҳтиёҷ дорад

Путин таъкид намуд, ки Россия ба коргарони хориҷӣ эҳтиёҷ дорад


Дар моҳи феврали соли ҷорӣ, Вазорати меҳнати Россия рӯйхати ихтисосҳоро васеъ кард, ки гирифтани шаҳрвандиро осонтар мекунад. Нашри нави ҳуҷҷат 135 касбро (қаблан 74) дар бар мегирад.
«Баробари ривоҷи иқтисоди Россия, ба мо қувваи корӣ намерасад ва он ба зудӣ боз ҳам равшантар мешавад. Ин яке аз мушкилоти ҷиддӣ аст ”- гуфт Владимир Путин.
Инчунин қайд кард, ки Россия ба воридшавии шаҳрвандони нав, бахусус онҳое, ки забони русиро хуб медонанд, ниёз дорад.
Дар давраи пандемия аз коронавирус ба муҳоҷирон низ имтиёзҳо дода шуданд. Фармони Путин пешбинӣ кардааст, ки аз 15-уми март то 15-уми июн онҳо барои патенти меҳнатӣ пардохт нахоҳанд кард. Инчунин, дар ин давра мӯҳлати будубоши онҳо дар кишвар ба инобат гирифта нашудааст ва мӯҳлати иҷозатномаи муваққатӣ ба охир нарасидааст.
Бояд гуфт, ки Вазорати корҳои дохилии кишвар дар охири моҳи апрел маълум кардааст, ки дар шароити пандемия аз коронавирус хориҷиён хориҷ карда намешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ