Ба «захираи тиллоӣ»-и ҳокимияти вилояти Самарқанд чӣ хел талабҳо гузошта шудаанд?

Ба «захираи тиллоӣ»-и ҳокимияти вилояти Самарқанд чӣ хел талабҳо гузошта шудаанд?

Агар ба таърихи давлатҳои мутараққии дунё назар андозем, мебинем, ки онҳо барои илм гирифтани ҷавонон сармояҳои калон дохил кардаанд. Аз ҷумла, дар ҷараёни тараққиёти Кореяи Ҷанубӣ ва Япония ба инкишофи таълим эътибори калон дода, обрӯву эътибор ва нуфузи омӯзгорро баланд бардоштаанд. Давлати Сингапур низ барои илм гирифтани ҷавонон ҳамаи имкониятҳоро сафарбар кардааст. Арбоби давлатии маъруф Ли Куан Ю, ки бисёр солҳо сарвари ин давлат буд, қисми калони буҷетро ба соҳаи таълим равона кард. Онҳо авлоди нави ватанпарвар ва дар айни замон, хоксореро, ки илм, ахлоқ ва меҳнатро дӯст дошта, ҳақиқатро қадр мекунад, ба камол расонданд.
Солҳои охир дар мамлакати мо низ ба соҳаи таълим, илм гирифтани ҷавонон ва ба дастгирӣ кардани инсонҳое, ки дар ин соҳа меҳнат мекунанд, эътибори алоҳида нигаронида мешавад. Мақсади ягонае, ки аз ин амал пешбинӣ шудааст, тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосе мебошад, ки ба таври замонавӣ андеша мекунанд, донишманд ва соҳаи худро хуб аз худ кардаанд ва бо ин роҳ зиёд кардани суръати тараққиёти мамлакат аст. Имрӯз чунин авлод ба камол мерасад ва бинобар ин, бо ташаббуси ҳокимияти вилоят бо мақсади ба роҳи дуруст равона кардан ва истифодаи самараноки дониш ва малакаи онҳо бо 331 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ вохӯрӣ ташкил карда шуд. Ин хатмкунандагон, ки « захираи тиллоӣ»-и ҳокимияти вилояти Самарқанд гуфта мешавад, аз беш аз 7 ҳазор нафар хатмкунандагони 7 муассисаи таълими олии вилоятамон дониш, иқтидор, қобилияти роҳбарӣ ва пешсафиашонро ба ҳисоб гирифта, дар асоси сохтори баҳогузории 10 баллӣ интихоб гардиданд. Онҳоро ба захираи кадрҳои ҳокимияти вилоят дохил ва аз рӯйи шаҳру ноҳияҳо, инчунин ихтисос таҳлил карданд. Имрӯз барои амалӣ кардани ислоҳоти васеъмиқёсе, ки барои инкишофи иҷтимоӣ- иқтисодии вилоятамон амалӣ мегардад, эҳтиёҷ ба кадрҳои дорои дониш ва малакаи замонавӣ, инчунин соҳиби маҳорати баланди роҳбарӣ буда ҳамон калон аст. Аз ин рӯ, ба вазифаҳои идора ва ташкилотҳои давлатӣ дар асоси озмуни кушодаи мустақил интихоб карда мегиранд. Дар ин раванд ба тамоили «меритократия» амал карда мешавад.

Меритократия чист?

Принсипи идораи тарзи меритократия («Ҳокимияти муносибатҳо, ҳокимияти ба туфайли хизмат (меҳнат) сазоворшуда» маъноҳои лотинии meritus «муносиб, лоиқ», юнонии kratos «ҳокимият, идора»-ро дорад) ҳамин аст, ки мувофиқи он сарфи назар аз баромади иҷтимоӣ ва вазъи молиявӣ кадрҳои аз ҳама муносиб ва қобилиятнок дар вазифаҳои роҳбарӣ бояд фаъолият пеш баранд. Меритократия асосан дар ду маъно истифода бурда мешавад. Маънои якуми ин мафҳум ба сохторе, ки роҳбаронро аз байни соҳибистеъдони маъруф таъин мекунанд, рост меояд (чунин сох­тор асосан акси аристократия ва демок­ратия аст). Маънои дуюми он васеъ паҳн шуда, барои одамони соҳибқобилият ва меҳнаткаш фароҳам овардани шарту шароитҳои ибтидоиро дар бар мегирад, ки онҳо дар оянда соҳиби имконияти гирифтани мавқеи иҷтимоии баланд мешаванд.
Мафҳуми меритократия асрҳо боз, мавҷуд бошад ҳам, онро бори аввал файласуфи немис- амрикоӣ Ханна Аренд дар доираи фалсафаи Конфутсий соли 1954 дар «Инқирози таълим» ном асараш кор фармудааст.
Баъди чанд сол дар асари «Инкишофи меритократия»- и сиёсатчӣ ва сотсиологи англис Майкл Янг ҷамъияти оянда тасвир гардида, дар он мавқеъ дар ҷомеа бо коэффитсиентҳои тафаккури (IQ) баҳогузорӣ шудааст.
Яъне, ҳангоми интихоби номзадҳо ба паст задани ҷинс, ирқ, миллат, забон, дин, баромади иҷтимоӣ, эътиқод, шахс ва мавқеи иҷтимоии вай роҳ дода намешавад.Кадрҳои аз ҳама муносиб аз рӯйи фазилатҳои шахсӣ ва касбӣ, дониш ва таҷриба дар асоси озмуни кушодаи мус­тақил дар идора ва ташкилотҳои давлатӣ ба кор қабул карда мешаванд.
Дар ҳокимияти шаҳр ва ноҳияҳо рӯзи сешанбеи ҳар ҳафта эълон шудани «Рӯзи бо кор таъмин кардани ҷавонон» ва дар ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро оғоз кардани штабҳо боз як нав­гонӣ шуд.
Барои дуруст ва самаранок ташкил кардани фаъолият дар идораи замонавии имрӯза ба чиҳо бояд эътибор дод? Роҷеъ ба ин масъала мухтасар ҳарф заданиам.
Ғайр аз ин муаммои аз ҳама калони роҳбарони имрӯза – идораи

вақт ё ки тайм-менеджмент. Тасаввур кунед, роҳбарият дар муддати кӯтоҳ чанд супориш дод. Ҳамаи онҳоро бояд иҷро кард. Мо онҳоро дар муддати кӯтоҳ чӣ хел иҷро мекунем ё ки чунин ҳолатҳо ба вуҷуд оянд, аз вазъият чи тавр дуруст баромадан мумкин аст? Тайм- менеджмент ба мо айнан дар чунин ҳолатҳо барои интихоби роҳи дуруст ёрӣ мерасонад.
Ғайр аз ин, мафҳуми услуби таҳлилии SVOT мавҷуд буда, дар ин таҳлил усули ҳалли ғоя, пешниҳод ё ки муаммо ба воситаи таҳлили SVOT амалӣ карда мешавад.
Дар ин маврид тарафҳои мусбат ва манфӣ, имконият ва хатарҳо таҳлил мегарданд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки таҳсили мутахассисоне, ки ҳокимияти вилоят ба захира гирифтааст, бо ҷалб кардан ба курсҳои такмили ихтисоси шӯъбаи Академияи идораи давлатии наз­ди Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон дар Самарқанд амалӣ мешавад.

Б.РАҲМАТУЛЛОЕВ,
роҳбари гурӯҳи ташкиливу назоратии ҳокимияти вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ