Дар беш аз 78000 гектар замин – кишти такрорӣ

Дар беш аз 78000 гектар замин – кишти такрорӣ

Дар ин бора, дар онлайн-­брифинге, ки бо иштироки журналистҳо дар Садорати назорати маҷмӯаи агросаноати вилоят гузаронида шуд, маълумот дода шуд. Дар тадбир ҷонишини якуми садорат Ҷамолиддин Каримов дар бораи татбиқи корҳои агротехникӣ маълумот дод.
Таъкид гардид, ки 101230 гектар ғалла бе талафот ҷамъоварӣ мешавад. Майдони аз ғалла холигашта пешопеш шудгор карда шуда, ба ҷояш зироати такрорӣ мекоранд.
Аз ҷониби садорат бо мақсади таъмини иҷрои қарори Президенти мамлакат аз 6-уми майи соли 2020 «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ доир ба дар ҳудуди мамлакат бештар расондани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ» чорабиниҳои муҳим андешида мешаванд. Майдонҳо баъди даравидани ғалла аз партовҳо, хасу хошок тоза мегарданд.
Дар 4056 хоҷагии фермерии ноҳияҳои вилоят, дар 78633 гектар майдони аз ғалла холигашта кишти такрорӣ гузаронида мешавад.
Бо роҳи кишти такрорӣ чораҳои бо кор таъмин намудани одамони бекор таъмин мегардад. Шаҳрвандони камтаъмин ва ниёзманд ба 4056 хоҷагии фермерӣ вобаста карда шудаанд.
Дар 9920 гектар замини 7 ноҳияи вилоят навъҳои серҳосили картошка кишта мешавад. Тухмиҳо сари вақт ба хоҷагиҳо расонда шудаанд.Дар брифинг мутахассисони соҳа ба саволҳои журналистон ҷавоб доданд.

Хизмати ахбори
Садорати назорати маҷмӯаи агросаноати вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ