Аҳолӣ бо гӯшти босифат ва арзон таъмин мегарданд

Аҳолӣ бо гӯшти босифат ва арзон таъмин мегарданд

Дар кишварамон ба ривоҷи чорводорӣ, хариди чорвои зотдор, дар ин самт ба роҳ мондани тадбиркорӣ аҳамияти ҷудогона медиҳанд. Аз ҷумла ноҳияи Каттақӯрғон дар доираи барномаи инвеститсионӣ лоиҳаҳои истиқболноки ба ривоҷи чорводорӣ нигаронидашуда амалӣ мегарданд. Маҷмӯъҳои зиёди чорводорӣ барпо мешаванд, ки ин лоиҳаҳо барои бо гӯшти босифату арзон таъмин намудани аҳолӣ хизмат мекунад.
Шаҳрванди маҳаллаи Ёвии ноҳия Акбаралӣ Темиров дар муддати кӯтоҳ хоҷагии фермерии «Темиров Акпарали чорвоси»-ро дар самти чорводорӣ ташкил карда, корҳои босамарро амалӣ намуд. Ба қарибӣ дар доираи ба ноҳия ҷалбсозии инвеститсияҳои хориҷӣ ба хоҷагии мазкур аз ҳисоби 700 миллион сӯм кредити бонк аз Германия 30 сар гови зотдори «Голштейн» (29 сар гов ва 1 сар гӯсола) оварда шуд.
Хоҷагии фермерии «Моҳи Солиҳбой зотли чорваси» (роҳбараш Рустам Қодиров) бо 1,6 миллиард сӯм кредити бонк аз Украина 35 сар навъҳои «Сементал», «Лимузин», «Швед», «Ангус»-и говҳои наслдор гирифт.
Говҳои Аврупо нисбати говҳои маҳаллӣ бо маҳсулдорӣ фарқ мекунанд. Онҳо рӯзе аз 35 то 40 литр шир медиҳанд.

Мухбири худамон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ