Бахт чист?

Бахт чист?

Олими ҷаҳоншумул ва адиби машҳури ассурӣ Григорий Юханнан Бар-­Эбрай (1226-1286), ки дар Шарқ бо номи Абдулфараҷ машҳур аст, китобе дорад бо номи «Ҳикоёти пандомӯз». Ӯ ҳарчанд муаллифи беш аз сӣ асар аст, вале «Ҳикоёти пандомӯз»-и ӯ дар соҳаи тарбияи ахлоқӣ мавқеи муҳим дорад.
Ин китобро пас аз 47 соли вафоти Абдулфараҷ соли 1233 нусхабардорӣ карда, як нусхаи онро ба китобхонаи машҳури Ватикани Юнон фиристондаанд. Дар ин китоб беш аз 700 ҳикояи хурд ҷой гирифтааст. Он ба забонҳои зиёди дунё тарҷума ва нашр шудааст.
Григорий Юханнан Бар-­Эбрай дар китоби худ меҳрубонӣ, ҳиммату саховат, илму адабро тараннум карда, ҳасад, бахилӣ, тарсончакӣ, хасисӣ барин хислатҳоро мавриди мазаммат қарор медиҳад.
Гиппократ гуфт: «Зан ду ҳимоятгар дорад. Ин – шавҳари ӯ ва тобуташ аст».

Аз як хирадманди ҳинду пурсидаанд: «Зане, ки шавҳар надорад, ба чӣ монанд аст?» Ӯ ҷавоб додааст: «Ба соҳилҳои ҷӯйе, ки дар онҳо об ҷорӣ намегардад».

Як ҳинду гуфт: шаш чизи нопойдор ҳаст. Ин сояи абр, дӯстии нодон, ишқи занон, бойигарии аз ҳад зиёд, шоҳи золим ва таърифи бардурӯғ.

Файласуфе дар театр занеро дида гуфт: «Ту ба ин ҷо на барои тамошо кардан омадӣ, балки барои он омадӣ, ки туро тамошо кунанд».

Файласуфи дигаре гуфтааст: «Чор хели бахт мавҷуд аст: онҳо як дақиқа, як рӯз, як моҳ ва тамоми умр давом мекунанд. Муҳаббати ҷисмонӣ ба одам бахти якдақиқагӣ мебахшад. Вақте ки писар таваллуд мешавад, одам худро тамоми рӯз, то даме, ки кӯдак бо гиряаш бозор накунад, хушбахт ҳис менамояд. Бахти ҳаловатбарии арӯс як моҳ – то ҳомиладоршавӣ аст. Бойигарии калон имкон медиҳад, ки инсон тамоми умр аз бахт лаззатбарӣ намояд.

Таҳия ва тарҷумаи 
Б.ҶУМЪАЕВ.

Овози Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ