Дар Япония беш аз 30 нафар қурбони офати табиъӣ шуданд

Дар Япония беш аз 30 нафар қурбони офати табиъӣ шуданд
  • Post category:Ҷаҳон


Беш аз 30 нафар дар Япония қурбони офатҳои табиъӣ – сел, обхезӣ ва заминлағза шуданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии NHK хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки то ҳол марги 16 нафар тасдиқ шуда ва 17 нафар дар ҳоли марги клиникӣ мебошанд. Ҳамчунин, 13 нафар бе ному нишон гум шудаанд.
Вилояти Кумамото бештар аз дигарон аз офат осеб дид. Маҳз дар ин вилоят хонаи пиронсолонро об гирифт, ки дар натиҷаи 14 нафар фавтиданд.
4 июл ҳукумати Япония тасмим гирифта буд, ки аз вилоятҳои Кумамото ва Кагосима беш аз 200 ҳазор нафарро ба ҷойҳои бехатар мунтақил кунад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ