Ба сафорати ИМА дар Ироқ ҳамла карданд

Ба сафорати ИМА дар Ироқ ҳамла карданд

  • Post category:Ҷаҳон


Сафорати ИМА дар Бағдод мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. Дар ин бора шабакаи Ал Арабия хабар дод.
Гуфта мешавад, ки системаи падофандии Patriot (системаи мудофиаи зиддимушакӣ) чанде аз мушакҳоро доштааст. Вале чанд мушак ба “минтақаи сабз”-и Бағдод, ки биноҳои ҳукуматӣ ва сафоратҳои хориҷӣ ҷойгиранд, афтодааст. Ҳанӯз хабар аз вайронӣ ва осебдидагон нест.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 18 июн низ “минтақаи сабз”-и Бағдод дучори ҳамлаи мушакӣ шуда буд. Мушакҳо дар назди сафорати ИМА таркида буд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ