Трамп дар бораи нақши ИМА дар “сарнагунсозии коммунистҳо” ҳарф зад

Трамп дар бораи нақши ИМА дар “сарнагунсозии коммунистҳо” ҳарф зад
  • Post category:Ҷаҳон


Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА дар раванди суханрониаш ба ифтихори рӯзи истиқлоли кишвараш дар Кохи сафед гуфт, ки ИМА тавонистааст “фашистҳоро мағлуб” ва “коммунистҳоро сарнагун” кунад.
Ба гуфтаи вай, “Қаҳрамонони амрикоӣ нозиҳоро (нацистҳоро) мағлуб карданд, фашистҳоро шикаст доданд, коммунистҳоро сарнагун карданд ва арзишҳои амрикоиро наҷот доданд”.
Аз назари Трамп, ҳоло ҳадафи асосии ИМА шикаст додани тундгароён аст, ки бо дуздиву ғорат машғуланд ва дар кишвар ба бесуботӣ таҳрик медиҳанд.
Чанде пеш Трамп ҷунбиши “Ҳаёти сиёҳпӯстон муҳим аст”-ро ва ҳамаи онҳоеро, ки дар ғоратгариҳову бенизомиҳо иштирок мекунанд, зери интиқод гирифта буд. Ӯ фаъолонро нобудкунандагони таърих хонда буд, ки мехоҳанд, қаҳрамонони ИМА-ро аз шараф маҳрум кунанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ