Ходимони газ ҳам китоб мехонанд?

Ходимони газ ҳам китоб мехонанд?

Референт – котиби корхонаи масъулияташ маҳдуди «Ҳудудгаз Самарқанд» Ҷамшед Шербӯтаев бо мақсади дар оянда ба корҳои сохтмонӣ ва монтаж даровардани дигаргунӣ корҳои илмӣ мебарад. Ӯ дар вақти холӣ ба китобхонаи корхона тез-­тез ташриф меорад.
– Аз ин соҳа, соли 2018 Донишкадаи давлатии меъморӣ – сохмонии Самарқандро хатм карда, ба ин ҷо ба кор омадам. Албатта, дар донишкада дониши назарӣ гирифтам ва дар ҷараёни кор амалиётро мустаҳкам месозам. Ҳоло дар корхонаамон 133 нафар мутахассисони ҷавон меҳнат мекунанд. Барои зиёд кардани таҷриба дар байни ҷамоа анъанаи «устоду шогирд» идома дорад. Дар оянда бо ғояҳои нав баромад кадан мехоҳам. Дар китобхонаамон оиди соҳа китобҳои нодир вуҷуд дорад, – мегӯяд, Ҷ. Шербӯтаев.
Дар китобхона қариб 3000 китоб мавҷуд буда, зиёда аз 2000-тоаш китобҳои бадеӣ мебошад.
– Солҳои охир дар мамлакат барои баланд бардоштани мафкура ва ҷаҳонбинии халқ, ташаккули маданияти китобхонӣ эътибори ҷудогона дода мешавад. Барои таъмини иҷрои ин қарору фармоишҳо бо ташаббуси директори корхона Х. Бобомуродов соли 2019 китобхонаи замонавӣ кушода шуд. Аз адабиётҳои китобхона, зиёда аз 1500 нафар ходимони корхона ва аъзоёни оилаи онҳо бо шарти баргардондан китоб гирифта, дар хона мутолиа мекунанд, –мегӯяд ҳини сӯҳбат раиси кумитаи Иттифоқи касабаи корхона Сафаралӣ Азимов.

Хизмати Матбуоти корхонаи
масъулияташ маҳдуди «Ҳудудгаз Самарқанд».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ