Олимон санҷиши се доруи зидди  коронавирусро  бо  қарори СҶТ қатъ карданд

Олимон санҷиши се доруи зидди  коронавирусро  бо  қарори СҶТ қатъ карданд
  • Post category:Саломатӣ

Ин ниҳоди тандурустии ҷаҳонӣ ба итмом расидани санҷиши чанд доруи марбут ба коронавирусро эълон кард.
Аз ҷумла, сухан дар бораи гидроксихлорохин (зиддимикробӣ), лопинавир ва ритонавир меравад(дар муолиҷаи ВИЧ истифода мешаванд), ки барои COVID-19 пешбинӣ шуда буданд, меравад.

Ин қарор тибқи тавсияи Кумитаи байнулмилалии санҷишҳои ҳамбастагӣ қабул шудааст.

Аз моҳи март озмоишҳои ин доруҳо, инчунин ремдесивир ва интерферон гузаронида шуданд, ки ихтиёриён зиёда аз 4,5 ҳазор бемор буданд.

Миёни доруҳои санҷишшуда, танҳо ремдесивир самаранокии худро нишон додааст. Боқимонда воксинаҳо, чӣ тавре ки таҳқиқот нишон доданд, фавти шахсони сироятшударо кам намекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ