The Sunday Times: Намунаҳои коронавирус дар Чин беш аз 6 сол маҳфуз буд

The Sunday Times: Намунаҳои коронавирус дар Чин беш аз 6 сол маҳфуз буд
  • Post category:Ҷаҳон


Намунаҳои коронавирус дар Пажӯҳишгоҳи вирусологияи Ухан сар аз соли 2012 нигоҳдорӣ шудааст. Ин маълумот дар як таҳқиқи рӯзноманигорон омадааст, ки рӯзномаи The Sunday Times онро имрӯз, 5 июл мунташир кард,
Муаллифони мақола ба рисолаҳои илмии ду шифокори чинӣ истинод мекунанд. Дар рисолаҳои илмӣ гуфта мешавад, ки дар миёни соли 2012 дар вилояти Юнннан дар як ҳафта 6 бемор бо пневмонияи вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд. Онҳо қабл аз бемор шудан як кони мисро аз саргини кӯршабпаракҳо тоза карда буданд.
Ҳамаи беморон нишонаҳои монанд ба сирояти вируси SARS-CoV-1 доштанд, вале, таҳлилҳо инро тасдиқ накард. Бо вуҷуди ин, мутахассисон дертар дар 4 нафари беморон антибодӣ (як навъи сафеда, ки барои нобудсозии ҳуҷайраи вирус дар системаи иммуни одам ҳосил мегардад) ба коронавируси бегона ва монанд ба SARS-CoV-1 пайдо карданд.
Илова бар ин, 3 нафари беморон вафот карданд ва сабаби марги онҳо муъайян нашуд. Мутахассисон шубҳа карданд, ки шояд вирус аз кӯршабпаракҳо ба коргарон гузашта бошад.
Дертар мутахассисони пажӯҳишгоҳи вирусологияи Ухан ин конро ва таркиби хуни беморонро омӯхтанд. Мутахассисон ҳангоми таҳқиқи саргини кӯршабпаракҳо дар он коронавирусҳои зиёдеро, аз ҷумла, штамми коронавируси навро кашф карданд.
Дар зимн, муаллифони мақола таъкид мекунанд, ки Чин ин пажӯҳишҳоро пинҳон дошт ва суол медиҳанд, ки чаро маълумот дар бораи вируси нав ошкор нашуд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ