Дар метрои Харбин системаи пардохти роҳкиро тавассути сканери чеҳра ба кор даромад

Дар метрои Харбин системаи пардохти роҳкиро тавассути сканери чеҳра ба кор даромад

  • Post category:Ҷаҳон


Дар метрои шаҳри Харбини Чин системаи пардохти роҳкиро тавассути сканери чеҳра ба кор андохта шуд. Дар ин бора South China Morning Post хабар медиҳад.
Ин система на корти бонкӣ ва на смартфон талаб мекунад. Сомонаро ширкати Sense Time, ки фанновариҳои (технология) ҳуши маснӯъӣ истеҳсол мекунад бо ҳамкории ширкати ҳамлу нақлии Zhiyuanhui таҳия кард.
Ин система фанноварии шинохти чеҳра бо ёрии сканери махсусро дорад, ки дар смартфонҳои имрӯза низ барои кушодан қуфли он истифода мешавад. Сокинони Харбин баъди сабтином шудан дар як барномаи махсуси смартфон метавонанд роҳкироро ба терминалҳои махсуси даромадгоҳи метро пардохт кунанд.
Система чеҳраи инсонро мешиносад ва аз корти бонкии ӯ, ки ба барномаи махсуси смартфон пайваст аст, пули роҳкиро гирифта мешавад. Гуфта мешавад, ки система инсонро ҳатто бо ниқоби тиббӣ мешиносад. Ташаббускорон умед доранд, ки бо истифодаи ин фанноварӣ ҷараёни пардохти роҳкиро зудтар анҷом меёбад ва соатҳои авҷи ҳамлу нақли мусофиронро нармтар мекунад.
Манбаъ: Рамблер

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ