Ҳиндустон аз лиҳози паҳншавии COVID-19 савумин кишвари ҷаҳон шуд

Ҳиндустон аз лиҳози паҳншавии COVID-19 савумин кишвари ҷаҳон шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Бино ба додаҳои охирин, ҳоло шумори гирифторони коронавирус дар Ҳиндустон беш аз 697 ҳазор нафар аст. Аз ин ҷиҳат Ҳиндустон баъди ИМА (беш аз 2,982 миллион бемор) ва Бразилия (беш аз 1,6 миллион бемор) савумин кишвар дар ҷаҳон аст. Шумори гирифторон дар Русия ҳудуди 681 ҳазор аст ва ин кишвар чаҳорум мебошад.
Бо вуҷуди ин, ки паҳншавии коронавирус дар Ҳиндустон суръат мегирад, дар поёни моҳи июн дар ин кишвар дувумин марҳилаи лағви карантин эълом шуд. Бар асоси қоидаҳои нав, минтақаҳое, ки COVID-19 паҳн мегардад, карантин то 31 июл идома хоҳад ёфт. То он рӯз мактабу донишгоҳҳо корро оғоз намекунанд.
Рӯзи 8 июн дар Ҳиндустон фаъолияти ибодатхонаҳо, меҳмонхонаҳо, ресторанҳо ва фурӯшгоҳҳо аз нав оғоз шуда буд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ