Баландтарин минтақаи кӯҳии Чин – Тошқӯрғони тоҷикнишин бо интернет таъмин шуд

Баландтарин минтақаи кӯҳии Чин – Тошқӯрғони тоҷикнишин бо интернет таъмин шуд
  • Post category:Ҷаҳон


Тошқӯрғон – ноҳияи мухтори тоҷикнишини минтақаи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин, ки дар шимоли ғарбии ин кишвар дар баландии 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, бо интернети болосуръати нахи шишаӣ (оптоволокно) таъмин шуд.
Акнун сокинони баландтарин минтақаи кӯҳии Чин метавонанд аз интернет бе мушкил истифода баранд, шабакаҳои интернетии телевизионӣ ва радиоӣ тамошо ва гӯш кунанд.
Ноҳияи мухтори тоҷикнишни Тошқӯрғон шомили минтақаи Кошғар аст. Баландии миёнгини ноҳия аз сатҳи баҳр 4 ҳазор метр аст.
Барномаи таъминсозии бо интернет ба беш аз 5 ҳазору 200 хонаводаи ноҳияҳои кӯҳӣ имкони дастрасӣ ба хидматрасониҳои интернетиро дод.
Мудири идораи иттилоъотӣ-саноъатии Кошғар гуфт, ки ин барнома бо беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми маҳаллӣ ҳамзамон ба мубориза алайҳи бенавоӣ саҳми арзанда мегузорад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ