Президенти Эрон: ин вирус меҳмони нохондаи кутоҳмуддат нест

Президенти Эрон: ин вирус меҳмони нохондаи кутоҳмуддат нест

  • Post category:Ҷаҳон

Ҳасани Рӯҳонӣ ахиран дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо вируси корона гуфт, агар фарде мехоҳад вориди идорае шавад бояд аз ниқоби тиббӣ истифода кунад ва агар накард, набояд ба ӯ хизматрасонӣ карда шавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Раисҷумҳури Эрон таъкид кард, ки вуруди кормандон бидуни ниқоби тиббӣ ба идораҳо мамнуъ аст ва агар корманд дар идорае серодам бидуни ниқоби тиббӣ меояд, бояд барои ӯ фаҳмонанд ва ӯро баргардонанд.
Рӯҳонӣ афзуд, набояд иҷоза дода шавад, ки дар метро ва автобус мардум бидуни ниқоби тиббӣ ворид шаванд ва вазири умури дохила ва ҳамаи шаҳрдориҳо талоши худро ба кор бигиранд ва ҳар ҷо лозим аст аз неруи интизомӣ ва басиҷ истифода кунанд.
Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин афзуд, мавзӯи муҳим ва мавриди таъкиди мо аз рӯзи аввал ин буд, ки бояд худамонро бо ин шароит омода кунем яъне аз рӯзи аввал гуфтем, ки ин вирус меҳмони нохондаи кутоҳмуддат нест ва мумкин аст то охири сол ва ҳатто то соли оянда низ идома дошта бошад.
Рӯҳонӣ таъкид кард, ки мардум бояд то замони тавлиди дору ва ё ваксина барои муқобила бо ин беморӣ, фарзро бар ин қарор диҳанд, ки ҳама мумкин аст олуда бошанд ва лизо бояд дар иртиботи иҷтимоӣ бо ашхос, ниҳояти диққат ва эҳтиёти лозимро ба амал оваранд.
Ҳамзамон, вай бо ташаккур аз ҳамаи муҳаққиқоне, ки барои ёфтани дору ва ё ваксинаи ин беморӣ талош ва кор мекунанд, ибрози умедворӣ кард, ки ин талошҳо идома ёбад ва ба натиҷаҳои мусбат бирасад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ