Коронавирус боз дар Фарғона пайдо шуд

Коронавирус боз дар Фарғона пайдо шуд
  • Post category:Ҷаҳон


Вазорати тандурустии кишвар ахиран дар бораи гирифтории 141 нафар ба коронавирус хабар дод.
Дар ҳоли ҳозир, шумори гирифторон ба 10 ҳазору 284 нафар расид.
118 мавриди гирифторӣ дар Тошканд сабт шуд, аз ҷумла, 72 нафар дар миёни аҳолӣ. Дар вилояти Андиҷон 20 нафар, дар вилояти Фарғгона 3 нафар мубталои вирус шуданд.
Дар кулл, имрӯз 264 мавриди мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд.
То ҳол 6584 нафар бемор шифо ёфтанд.
Шумори мубталоёне, ки дар бемористонҳо муъолиҷа мешаванд, 3664 нафар аст. Вазъияти саломатии 25 нафар вазнин, 6 нафар хеле вазнин аст.
Ёдовар мешавем, ки аз моҳи март ба ин сӯ дар Фарғона 158 нафар мубталои коронавирус шуда буданд ва рӯзи 14 май охирини онҳо шифо ёфт ва бемористонро тарк кард.
Дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон минтақаи холӣ аз коронавирус боқӣ намонд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ