Як бемори 43-сола дар Тошканд қурбони навбатии коронавирус шуд

Як бемори 43-сола дар Тошканд қурбони навбатии коронавирус шуд


Имрӯз дар Тошканд як бемори COVID-19, ки гирифтории ӯ рӯзи 2 июл маълум шуда буд, имрӯз даргузашт. Ӯ 36-умин қурбони коронавирус дар Ӯзбекистон шуд.
Бино ба хабари вазорати тандурустии кишвар, бемор бар асари норасоии шадиди шуш ва дил вафот кард.
Имрӯз ин дувумин мавриди марг бар асари коронавирус дар кишвар мебошад.
Қабл аз ин дар Тошканд рӯзи 1 июл як бемори 67-сола вафот карда буд.
То ба имрӯз дар Тошканд 22, дар Намангон 4, дар Самарқанд, Бухоро, Сурхондарё ва Ҷиззах 2 нафарӣ ва дар Фарғонаву Қашқадарё 1 нафарӣ қурбони коронавирус шуданд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ