Эннио Морриконе – оҳангсози машҳури ҷаҳон даргузашт


Эннио Морриконе, оҳангсоз, танзимкунанда (арранжер) ва дирижёри италияӣ имрӯз, 6 июл дар синни 91 ҷаҳонро падруд гуфт. Дар ин бора рӯзномаи la Repubblica навишт.
Морриконе чанде пеш афтода ва захми ҷиддӣ гирифта буд. Ӯ дар бемористони Рим даргузашт.
Бисёре аз оҳангҳои ӯ шоҳкор аст, ки дар сартосари ҷаҳон мардум гӯш мекунанд. Ҳамчунин, Морриконе барои чандин филм оҳангҳои ҷаззоб сохтааст. Филмҳои “Хуб, бад, зишт”,(Хороший, плохой, злой) “Замоне дар Ғарби ваҳшӣ” (филми коргардон Серҷо Леоне), “Қабл аз инқилоб”, “Маҳтоб” (Бернардо Бертолуччи), “Устод ва Маргарита” (Александр Петрович), “Ҷанго – озодшуда”, “Ҳашт нафратангез” (“Омерзительная восьмерка”, Квентин Тарантино), “Ҳирфаӣ” (“Профессионал”, Ҷорҷ Лотнер) аз ин ҷумла мебошанд.
Эннио Морриконе соли 2007 барои саҳми арзанда дар ҳунари филмсозӣ ва соли 2016 барои саундтреки филми “Ҳашт нафратангез” ду бор ҷоизаи “Оскар”-ро дарёфт кард.
Ёдовар мешавем, ки соли 2011 консерти Эннио Морриконе ва Оркестри симфоники миллии Ӯзбекистон дар Тошканд баргузор шуд, ки дар ин консерт ӯ ҳамчун дирижёр иштирок карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ