Наздики 1,22 миллион нафар аҳолии ҷазираи Кюсюи Ҷопон ба ҷойи бехатар кӯчонида шуд

Наздики 1,22 миллион нафар аҳолии ҷазираи Кюсюи Ҷопон ба ҷойи бехатар кӯчонида шуд

  • Post category:Ҷаҳон

Дар натиҷаи боронҳои сели пуршидат дар ҷазираи Кюсю, ки дар ҷанубу ғарби Ҷопон воқеъ аст, дар дарёҳо обехезиву лойқа фаромада, дастикам 50 нафар ҷон бохтанд.
Тавре Euronews иттилоъ медиҳад, чанде қабл ҳукумати маҳаллӣ дар бораи ба ҷойи бехавф кӯчонидани наздики 1,22 млн нафар аҳолии ҷазира дастур дода буд. Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ баҳри кумак ба хадамоти наҷотдиҳии маҳаллӣ наздики 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии худмудофиаро ба минтақаи офати табиӣ сафарбар кард.
Сарвазир таъкид доштааст, ки дар робита ба хатари паҳншавии коронавирус, дар марказҳои кӯчбандӣ тамоми тадбирҳои зарурии пешгирӣ аз сироятёбӣ андешида хоҳанд шуд.
Раёсати миллии обуҳавошиносии кишвар аз имрӯз низ идомаи боришот, хавфи ҷиддии обхезӣ дар дарёҳо, фаромадани ярчу лойқа ва эҳтимоли зери об мондани қаламравҳои васеъ ҳушдор додааст.

asiaplustj.info/tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ