Ҳайати Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ ба Туркманистон омаданд

Ҳайати Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ ба Туркманистон омаданд

  • Post category:Ҷаҳон

Ҳайати Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ оид ба масоили коронавирус рӯзи гузашта вориди Туркманистон гардид. Ханс Клюге, раҳбари Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо дар Твиттераш дар ин бора хабар додааст.
Ду рӯз пеш Катерине Смоллвуд, намояндаи Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо оид ба ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки ҳайати созмон баҳри ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар робита ба омодагӣ ва пешгирии коронавирус ба Туркманистон мераванд.
Ба иттилои манбаъ, намояндагони СУТ тули 10 рӯз дар ин кишвар хоҳанд монд.
Гуфта мешавад ин муддат, намояндагони СУТ бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ мулоқот намуда, кори муштаракро оид ба арзёбии хатар ва таҳияи механизмҳои вокуниш ба COVID-19 баррасӣ менамояд.
Ҳамчунин, ҳайати коршиносон аз муассисаҳои тиббӣ, марказҳои саломатии давлатӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ва нуқтаҳои даромадгоҳӣ дидан хоҳанд кад.
Қаблан вазири умури хориҷаи Туркманистон Рашид Мередов дар рафти нишасти матбуотие изҳор дошт, ки ҷумҳурӣ омода аст ҳайати СУТ-ро аввалҳои моҳи июл пешвоз гирад.
Мередов дар ҳамин нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки то ҳол Туркманистон ба кишварҳое шомил мешавад, ки бо коронавирус рӯ ба рӯ нашудааст.
Ӯ далоили набудани коронаро на саривақт бастани марз, балки рушди низоми тандурустӣ гуфтааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ