Бозиҳои давлатҳои ИДМ дар шаҳри Қазон гузаронида мешавад

Бозиҳои давлатҳои ИДМ дар шаҳри Қазон гузаронида мешавад

  • Post category:Варзиш

Аз 4 то 11 сентябри соли равон дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия 1-умин Бозиҳои давлатҳои ИДМ дар соли 2020 баргузор мегардад. Дар ин бора 6 июл зимни ҷаласаи фосилавии роҳбарияти мақомотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилхабар дод.
Дар ин Бозиҳо иштироки дастаи мунтахаби варзишгарони ҷавони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар назар аст.
Бояд тазаккур дод, ки дар бозии мазкур тақрибан 3500 нафар варзишгарони аз 14 то 23-сола аз 11 кишвари ИДМ — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина иштирок мекунанд.
Дар 1-умин Бозиҳои давлатҳои ИДМ аз рӯйи 21 навъи варзиш барои 280 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Дар он намудҳои варзиш, монанди ҷудо, самбо, волейболи соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, футзал, бокс, бокси тайландӣ, шоҳмот, рақси варзишӣ, шамшербозӣ, каратэ, варзиши сангбардорӣ, армрестлинг (дастхобонӣ), мас-реслинг, гуштии озод, гуштии юнонӣ-румӣ, гуштии камарбандӣ, варзиши сабук ва баскетбол дохиланд.
Мавриди зикр аст, ки Қазон яке аз шаҳрҳои дар соҳаи варзиш рушдкардаи Россия, инчунин яке аз пешсафон оид ба теъдоди пирӯзиҳо дар намудҳои мухталифи варзиш ба шумор меравад. Бозиҳои кишварҳои аъзои ИДМ дар ду сол як бор баргузор мешаванд. Дар доираи мусобиқот ҳамоиши «ИДМ – марзи варзиш» доир мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ