Ӯзбекистон аз БОР $500 миллион қарз мегирад, санадҳои зарурӣ имзо шуд

Ӯзбекистон аз БОР $500 миллион қарз мегирад, санадҳои зарурӣ имзо шуд


Ӯзбекистон барои коҳиш додани таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисод аз Бонки осиёии рушд 500 миллион доллар кредити боимзиёт мегирад, санадҳои зарурӣ дар ин замина имзо шуд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои мудироти БОР 25 июни соли ҷорӣ ин иқдомро пуштибонӣ карда буданд.
Муддати кредит 15 сол буда, 3 соли аввал даври боимтиёз мебошад.
Бино ба хабари вазорати молия, ин маблағ барои коҳиш додани таъсири манфии буҳрони ҷаҳонӣ аз сӯи Бунёди мубориза бар зидди буҳрон ва будҷаи давлатӣ истифода хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки БОР қабл аз тасмими ихтисоси кредит вазъияти макроиқтисодӣ ва рискҳои пардохти қарзҳои давлатии Ӯзбекистонро таҳлил кард ва баъди натиҷагирии мусбат барои қарз додан тасмим гирифт.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ