Дар 5 шаҳри кишвар сохтусози мактабҳои президент идома дорад

Дар 5 шаҳри кишвар сохтусози мактабҳои президент идома дорад


Соли ҷорӣ таъсиси мактабҳои президент дар шаҳрҳои Бухоро, Ҷиззах, Қашқадарё, Самарқанд ва Фарғона барномарезӣ шуда буд. Бино ба хабари оҷонси рушди мактабҳои раисҷумҳурӣ, эҷодӣ ва махсус, сохтусози ин мактабҳо қатъ нашудааст.
Сохтусози мактабҳо дар паҳлӯи Коллежи варзиши захираҳои олимпияи шаҳри Ҷиззах, кӯчаи Амир Темури шаҳри Самарқанд, дар кӯчаи Кошғари шаҳри Фарғона, кӯчаи Навоии шаҳри Бухоро идома дорад.
Мактабҳои президент бо услуби замонавӣ ва ҳамзамон бар асоси стандартҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ қад хоҳанд афрохт. Дар ҳар кадоми мактабҳои президент 168 нафар донишомӯз омӯзиш ва парвариш хоҳанд ёфт.
Мактабҳои президент хобгоҳ, варзишгоҳҳои саркушод ва сарпӯшида, китобхона, тафреҳгоҳҳо, меҳмонхонаи махсус барои донишомӯзони хориҷӣ, таваққуфгоҳ барои автомобилҳо, толори падару модарон ва толори фаъолон хоҳанд дошт.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ