Аз бозори Абу Сахӣ коронавирус баромад, бозор баста шуд

Аз бозори Абу Сахӣ коронавирус баромад, бозор баста шуд

Бозори Абу Сахии шаҳри Тошканд аз 6-уми июл баста шуд. Дар ин бора ҳокимияти ноҳияи Челонзори пойтахт хабар дод. Бо мақсади пешгирии паҳншавии инфексияи коронавирус дар давоми профилактикаи нақшавии гузаронидашуда аз коргарони маъмурияти Маркази савдои «Tashkent Trade Center» (Абу Сахӣ), ки дар ноҳияи Челонзор воқест ва аз тадбиркорони дар ин ҷо фаъолият дошта ба инфексияи коронавирус намуна гирифта шудааст. Бино ба натиҷаҳои тест, дар якчанд нафар ходимон инфексияи коронавирус муайян шудааст. Бино ба хулосаи мутахассисони Маркази осоиштагии санитариву эпидемиологии ноҳия маркази мазкур барои гузаронидани тадбирҳои профилактикӣ муваққатан баста мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ