Дурӯғи ҳокимият: “Абу Сахӣ” баста нашудааст

Дурӯғи ҳокимият: “Абу Сахӣ” баста нашудааст


Бозори “Абу Сахӣ”-и Тошканд ба муштариён хидматрасонии худро идома медиҳад. Дар QALAMPIR.UZ ба нақл аз фурӯшандагони бозор хабар дод.
Гуфта мешавад, ки тести коронавирус ҳамаи кормандони дӯконҳои бозорро фаро нагирифтааст. Бархе аз фурӯшандагон бо нишонаҳои сармохӯрдагӣ кори худро давмо медиҳанд. Тартибу назорат низ дар сатҳи зарурӣ нест.
Ин дар ҳолест, ки ҳокимияти ноҳияи Чилонлори шаҳри Тошканд имрӯз дар бораи кашф шудани гирифторони коронавирус дар бозори Абу Сахӣ баъди тест гирифтан аз бархе кормандони бозор ва сипас баста шудани бозор хабар дода буд. Ба гуфтаи тадбиркорон, аз кормандони бозор тест гирифта нашудааст, дар дӯконҳо хариду фурӯш идома дорад.
Маълум нест, ки ҳокимияти ноҳияи Чилонзор дар паси ин хабари дурӯғ чӣ ҳадафе доранд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ