Рӯзи 8-уми июл дар ҷаҳон чӣ рӯй дод?

Рӯзи 8-уми июл дар ҷаҳон чӣ рӯй дод?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи маъюбон ва пиронсолон.

Дар Замбия — Рӯзи Ваҳдат.

Дар Русия — Рӯзи  оила, боварӣ ва муҳаббат.

Соли 1884 дар Лондон Ҷамъияти миллӣ оид ба пешгирии бераҳмӣ нисбат ба кӯдакон таъсис дода шуд.

Соли 1918 дар шаҳри Киеви Украина Сенати давлатии Украина ташкил карда шуд.

Соли 1948 бомбаандози реактивии «Ил-28» аввалин парвози худро анҷом дод.

Соли 1944 дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони фахрии «Қаҳрамонмодар» таъсис дода шуд.

Соли 1796 Департаменти давлатии ИМА аввалин маротиба ба шаҳрвандони ин кишвар шиноснома дод.

Соли 1889 аввалин шумораи рӯзномаи «The Wall Street Journal», ки яке аз бонуфузтарин рӯзномаҳои ИМА мебошад, нашр шуд. Соли 2010 адади нашри он ба зиёда аз 2 миллиону 100 ҳазор нусха расид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ