Раисҷумҳури Бразилия гирифтори коронавирус шуд


Жаир Болсонару, раисҷумҳури Бразилия мубталои COVID-29 шуд. Дар ин бора хабаргузори Reuters гузориш дод.
Гуфта мешавад, ки Болсонару баъди муъолиҷа бо гидроксихлорохин ва азитромитсин худро беҳтар эҳсос мекунад. Чанде пеш дар раисҷумҳури Бразилия нишонаҳои коронавирус пайдо шуда буд. Ӯ гуфт, кии бо вуҷуди он, ки ҳарорати бадани ӯ то 38 дараҷа боло рафт, роҳи нафасаш “тоза” буд.
Рӯзи 18 июн Профессор Элдер Накая сабаби шадидан паҳн шудани коронавирус дар Бразилияро тавзеҳ дод. Ба гуфтаи вай, сиёсати Болсонару яке аз сабабҳои асосӣ мебошад, чун ӯ дар оғоз коронавирусро эътироф накард ва баъд ҳам барои мубориза бо он иқдоми ҷиддӣ нагирифт. Илова бар ин, раисҷумҳур вазъияти маҳдудии тиҷоратро, ки дар чорчӯби мубориза бо коронавирус ҷорӣ аст, фаъолона интиқод мекунад.
Дар ҳоли ҳозир дар Бразилия беш аз 1,6 миллион нафар мубталои коронавирус шуданд. Беш аз миллион нафар шифо ёфтанд ва бар асари беморӣ 65 нафар даргузаштанд.
Манбаъ: lenta.ru

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ