Ӯзбекистон барои интиқолоти гирифторони коронавирус автомобилҳои махсус харид кард

Ӯзбекистон барои интиқолоти гирифторони коронавирус автомобилҳои махсус харид кард


Вазорати ҳифзи тандурустии Ӯзбекистон дар бораи харид шудани 15 автомобили махсус –реанимобил аз хориҷа хабар дод.
Ҳадаф аз ин харид аз боло бурдани сатҳи интиқоли гирифторони коронавирус ба бемористонҳо мебошад. Реанимобилҳо дорои таҷҳизоти зарурии тиббӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон нахустин бор солҳои 2017-2018 барои хадамоти ёрии таъҷилӣ 1 500 автомобили махсус харид карда буд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ