ИМА аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хориҷ мешавад

ИМА аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хориҷ мешавад

  • Post category:Ҷаҳон


ИМА рӯзи сешанбе Созмони милали муттаҳидро бобати хориҷ шуданаш аз СҶТ хабардор кард. Вашингтон созмони ҷаҳонии тандурустиро ба дер вокуниш нишон додан ба пандемияи коронавирус муттаҳам мекунад. Хориҷ шудани кумакдиҳандаи бузургтарини СҶТ аз саффи он дар муддати як сол анҷом меёбад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА ҳанӯз дар моҳи майи соли ҷорӣ эълом карда буд, ки Вашингтон мехоҳад робитаҳои худро бо СҶТ комилан қатъ кунад, чун раёсати созмон амалӣ кардани тағйирот дар созмонро, ки пешниҳоди ИМА буд, рад кард. Дар зимн, Трамп созмонро бар таҳти назорати комили Чин қарор гирифтан муттаҳам кард.
Ба назари Трамп, Чин ва раёсати СҶТ дар баробари паҳншавии коронавируси нав иқдоми самарбахш нагирифтанд. Ин дар ҳоле аст, ки дар худи ИМА аксарият Трампро ба далели дер вокуниш нишон додан ба буҳрон интиқод мекунанд.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ