Футболбозро ҳангоми машқ  раъду барқ зад

Иван Заборовский футболбози 16 — солаи дастаи «Знамя труда» аз ҳисоби оташак сахт ҷароҳатдор шуд.
Номбурда авохири ҳафтаи гузашта ба тамрини футбол дар варзишгоҳ машғул буд, ки банохост ӯро раъду барқ зад. Иванро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол доданд ва табибон ӯро ба беҳушкунии сунъӣ (ком) гузаронданд.
Бар хабари RT, алъон вазъи саломатии варзишгари ҷавон мӯътадил буда, пизишкон мегӯянд ба ҷони ӯ дигар хавфе таҳдид намекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ