Китоби нави Фарзона, шоири халқии Тоҷикистон чоп шуд

Китоби нави Фарзона, шоири халқии Тоҷикистон чоп шуд

Китоби тозаи Фарзона, шоири халқии Тоҷикистон бо номи “Найсон” аз тариқи нашриёти “Хуросон” чоп шуд. 
Китоби “Найсон” дар чанд бахш силсилаи рубоиву дубайтӣ ва тарҷумаҳои шоир Фарзонаро гирди ҳам овардааст.
Дар бахшҳои “Чаҳ-чаҳи гули сурх” ва “Чорзарби дил”- и ин асари ҷадид, ҳудуди 800 рубоиву дубайтӣ ҷой дода шудаанд, ки шоир дар онҳо мавзӯъҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро инъикос намудааст.

Дар бахши дигари “Найсон” тарҷумаҳои худи шоир аз осори адибони ҷаҳон, Гёте, Экзюпери, Байрон, Пушкин, Фёдор Тётчев, Анна Ахматова, Марина Светаева, Сергей Есенин, Александр Блок, Темур Зулфиқоров, Абай мунташир шудааст.  
Маҷмӯаи рӯбоӣ ва дубайтиҳои шоир қаблан бо номи “Резаборон” (Душанбе, 1984), “Қатрае аз Мӯлиён” (Хуҷанд, 2003) “Мӯҳри гули мино”, “Себарга”, “Ҳама гул, ҳама тарона”, “Сини салом” ва “Найшакар” ба нашр расонида шудаанд.
Дар китоби ҷадиди шоир, Матлуба Мирзоюнус, профессори илмҳои филологӣ ва Аҳмадҷони Раҳматзод, шоири халқии Тоҷикистон ва раиси Иттифоқи нависандагони Суғд назар навиштаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ