Дар корҳои хайр саҳмгузоранд

Дар корҳои хайр саҳмгузоранд

Корхонаи хусусии «Зулфия»-и ноҳияи Самарқанд соли 1997 ташкил гардида, дар он 37 нафар коргар дар соҳаҳои: дӯзандагӣ, мебел ва ашёи варзишӣ қариб 90 навъи маҳсулот истеҳсол мекунанд. Либосҳои махсуси корӣ, формаҳои мактабӣ, кимано, кӯрпа, болин ва болинпӯш, стол, стул, шкаф, дару тиреза ва ғайра аз ин ҷумлаанд. Дар давраи карантин коргарони мо бекор намонда, то тавонистанд барои қонеъ намудани эҳтиёҷи мардум меҳнат карданд.
Коргарон Аминҷон Самеев, Мӯнис Фахриев, Рауф Очилов, Майсара Ҳомидова, Мартаба Нарзиқулова, Нилуфар Шокирова, Ҳилола Сафоева ва дигарон намунаи ибрат шуда, мебелҳои рангоранг, сару либосҳо, ашёи варзишии босифат мебароранд.
– Ҳаминро бояд гӯям, ки дар давраи пандемияи коронавирус мо низ ба одамони камбизоат, беморон дасти ёрӣ дароз кардем, – гуфт директори корхонаи хусусӣ Фурқатҷон Узоқов. Ба 20 хонадон чой, равған, биринҷ, сабзӣ, картошка, орд додем. Ба 30 оилаи камбизоат ва ногироёни маҳаллаи Ҷӯи Аббос, Найзатеппа ва Андиҷонӣ орду равған додем.
Ба муносибати пандемия либосҳои махсус ва 60000 дона ниқоби тиббӣ дӯзонидем. Ҳодисаи нохуше, ки дар обанбори Сардоба рух дод, моро низ озурдахотир намуд. Аз ин рӯ коргарони мо барои ёрӣ ба осебдидагон 20 койка матрас, болин, кӯрпа, рӯйпӯшҳо фирис­тонданд.
Ба 26 нафар коргарони корхона маҳсулотҳои хӯрокворӣ дода шуд.

Толиб ЮНУСЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ