Адади гирифторони коронавирус меафзояд

Мувофиқи маълумотҳо рӯзҳои охир (бино ба ҳолати 6-уми июли соли ҷорӣ) аз ҷониби кормандони корҳои дохилии вилоят дар давоми рӯз нисбати шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳо, ки ба қоидаҳои карантин риоя намекунанд, 474-то баённома тартиб дода шуд. Ғайр аз ин, дар давоми мавсим 55 204-то баённомаи маъмурӣ ва 2-то баённомаи ҷиноӣ расмӣ гардониданд.
Бояд гуфт, ки ҳоло 23 нафар аз маркази ХОСПЕС- и вилоят, 37 нафар аз беморхонаи ноҳияи Самарқанд, 18 нафар аз шӯъбаи бемориҳои сироятии Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Нарпай, 13 нафар аз Оқдарё, 3 нафар аз Қӯшработ ва 3 нафар аз Ургут ба карантини хонагӣ гирифта шудаанд.
Имрӯзҳо дар шифохонаи клиникии бемориҳои сироятӣ 93 нафар, дар маркази реабилитатсияи Каттақӯрғон 6 нафар, дар ноҳияҳои Ургут 2 нафар, Тайлоқ 3 нафар, Самарқанд 7 нафар, Пахтачӣ 12 нафар, Пастдарғам 2 нафар, Пайариқ 49 нафар, Кӯшработ 2 нафар, Оқдарё 9 нафар, инчунин, дар шифохонаи ноҳияи Самарқанд 31 нафар ва дар маркази ХОСПЕС 50 нафар дар карантини умумӣ қарор доранд.
То имрӯз дар вилоят ба 495 нафар сирояти коронавирус муайян гардида, ҳоло 93 нафари онҳо дар шифохонаи клиникии бемориҳои сироятии вилоят табобат мегиранд.

Штаби байниидоравии ҳудудии мувофиқгардонии тадбирҳо оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ