Дар Қашқадарё шумори мубталоёни COVID-19 якбора хеле афзоиш ёфт

Дар Қашқадарё шумори мубталоёни COVID-19 якбора хеле афзоиш ёфт


Дар вилояти Қашқадарё якбора 161 мавриди мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар медиҳад.
127 нафар бемор дар ин вилоят дар карантин, 34 нафари боқӣ дар миёни аҳолӣ кашф шуд.
Ҳамчунин, дар Намангон 7 мавриди мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. 4 нафари бемор дар миёни аҳолӣ кашф гардиданд.
Рӯзи гузашта 308 мавриди мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуда буд.
Дар ҳоли ҳозир дар бемористонҳо 3986 нафар бемор муолиҷа мешаванд. Вазъияти саломатии 24 нафар вазнин, вазъи 13 нафар хеле вазнин аст.
Шумори кулли гирифторони COVID-19 соати даҳи имрӯз ба 10 838 нафар расид.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ