Оё маблағҳои буҷетро дуруст сарф мекунанд?

Оё маблағҳои буҷетро дуруст сарф мекунанд?

Дар Хонаи матбуоти вилоят конфронси матбуотии сардори Сарсадорати молияи вилоят Ботур Мирзоев бо иштироки намояндагони халқ ва ходимони ВАО баргузор гардид.
Дар он масъалаҳое чун тақсимоти буҷети давлатӣ, молиягузории мактабҳои таълими умумӣ ва муассисаҳои таълими томактабӣ, дуруст сарф кардани маб­лағҳои буҷет дар шаҳру ноҳияҳо ва тартиби гирифтани андоз, аз ҷумла аз қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ баррасӣ гардида, роҷеъ ба беҳдошти ин масъалаҳо пешниҳодҳо баён карда шуданд.
Маълум аст, ки имсол буҷети давлатӣ бори аввал бо қонун аз рӯйи соҳаҳо тақсим ва тасдиқ карда шуд. Оё ин навгонӣ ба пешрафти кор мусоидат кард? Б. Мирзоев дар ин бора ҳарф зада, гуфт ки акнун қисми буҷети вилоят ва ноҳияҳоро низ шӯроҳои маҳаллӣ тасдиқ мекунанд. Зиёда аз ин, шаҳрвандон барои гирифтани нафақаи иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳоро ба шӯъбаҳои ҳудудии хазинаи нафақаи аз буҷет берун месупоранд ва дар асоси барномаи нав ва маълумотҳои шаҳрванд роҷеъ ба мулк ва нафақаҳояш маълум мешавад, ки эҳтиёҷи ба вай таъин кардани нафақа ҳаст ё не.
Ғайр аз ин, андозу бардор, мегӯянд дар урфият. Ҳамаи мо мехоҳем, ки маошамон зиёд шавад, даромадамон афзояд ва сатҳи зиндагиамон баланд бошад. Вале оё мо дар бораи сари вақт пардохтани андози молу мулк, додани музди қувваи барқ, гази табиӣ, оби ошомиданӣ ва хизматҳои коммуналӣ ва маишии дигар низ фикр мекунем?
Пардохтҳои саривақтӣ ба буҷет ба ҳалли бисёр муаммоҳо мусоидат мекунанд. Хусусан, дар даври пандемия ин хеле муҳим аст. Дар ҷумҳурияти мо дар ин давр ҳамаи қисмҳои аҳолӣ пайваста дастгирӣ карда мешаванд. Дар соҳаҳои гуногун имтиёзҳои мухталиф дода шуданд. Вале дар ҷойҳо на ҳама ба қадри инҳо мерасанд. Мисол, дар шаҳр ва ноҳияи Каттақӯрғон дар маблағҳои буҷети солҳои 2019 ва 2020 коэффитсиентҳои якхела қайд гардидаанд. Мувофиқи қонунмандии дар амал буда, агарчи барои қитъаҳои замини наздиҳавлигии аз 10 хол зиёд андоз бо коэффитсиенти 1,5 бояд гирифта шавад, вале ин сохтор кор накардааст. Дар натиҷа, дар ҳамин ҳудудҳо пардохти андоз чанд миллиард сӯм кам шудааст.
Дар анҷумани матбуоти хулосаҳои тадқиқот роҷеъ ба дуруст сарф кардани маб­лағҳои буҷет низ баён карда шуданд. Аз ҷумла, дар корхонаҳои юридикии ноҳияи Пастдарғам дар моҳи май нисбати моҳи март пардохти қувваи барқ ба 39 миллиард сӯм кам шуда, истеъмол ба 105 фоиз афзудааст.
Бинобар ин, дар ҷамъомад дар бораи ба сохтори АСКУЭ пурра гузарондани аз қувваи барқ истифода бурдани корхонаҳои юридикии ноҳия, муваққатан бошад ҳам бо роҳи аз буҷети давлат молиягузорӣ кардани идораҳои кадастр ҳамаи хонаву ҷойи шаҳрвандонро аз рӯйхати кадастр бемузд гузаронда, муайян кардани базаи андоз барин таклифҳо пешниҳод гардиданд.
Дар анҷоми ҷамъомад Б. Мирзоев хабар дод, ки дар сарсадорат роҷеъ ба кор бо таклифҳои депутатҳо корманди масъул таъин кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ