Қадами устувор дар кам кардани камбағалӣ

Қадами устувор дар кам кардани камбағалӣ

Бо ташаббуси Вазорати дастгирии маҳалла ва оилаи мамлакат бо мақсади неки истиқболи муносиби 29-солагии истиқлолияти Ватан, нарм сохтани оқибатҳои пандемия, инчунин, болидасозии табъи мардум, ёрӣ расонидан ба оилаҳои камбизоат таҳти шиори «Барои ободии Ватани ҷонаҷон саҳми худро ҳамроҳ мекунам!» семоҳаи зарбдор эълон гардид.
Дар натиҷаи омӯзишҳо аён шуд, ки дар 1097 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои вилоят 47703 оилаи камбизоат истиқомат мекунад. Дар доираи моҳона нахуст ба масъалаи беҳсозии шароити зисти ин оилаҳо эътибор дода шуд. Аз ҷумла, то имрӯз хонаву ҷойи 9481 оиларо ба тартиб оварданд.
Масалан, қисми шифти хонадони 160 шаҳрванди эҳтиёҷманд таъмир гардида, фасади 1396 хонаҳо ранг карда шуд. Ғайр аз ин, хонаҳои дохилии 2643 хонадон, деворҳои 1385 хонадон таъмир гардид. Инчунин, танӯрхона ва ошхонаи 1885 хонавода ва биноҳои ёрирасони қариб 1500 оиларо ба тартиб оварданд.
Дар 47703 оилаи камбизоати вилоят 3512 нафар истикоматкунандагони бекор аниқ ва то имрӯз 2369 нафари онҳо бо кор таъмин гардиданд.
Бояд гуфт, ки бо роҳи дастгирии моддиву маънавии оилаҳои ниёзманд ва беҳсозии шароити иҷтимоии онҳо, дар байни мардум эҳсоси меҳнатдӯстӣ, умед ба ояндаи нек ташаккул меёбад ва ин вазифаи асосӣ ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, 614 нафар вакили бекори оилаҳои камбизоат ба ҷойҳои холии корӣ ҷойгир карда шуда, 1086 нафар ба корҳои ҷамоатии музддор ҷалб гардиданд. Инчунин, бо мақсади худро бо шуғл фарогирии 589 нафар, барои ҷудо кардани субсидия ба 35 оилаи эҳтиёҷманд, пешниҳод намудани кредити имтиёзнок ба 25 оила, ки ба тадбиркорӣ завқ доранд, ёрӣ расониданд.
Умуман, ҳар як вазифае, ки дар доираи моҳона дар ҳар як оила ва маҳалла иҷро мегарданд, муқаррар карда шудааст. Дар ин замина аз 1498 қабристони вилоят дар 378 қабристон ва аз 52 зиёратгоҳ дар 34-тояш корҳои ободонӣ амалӣ гардид.
128-то ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои вилоят дар атрофи роҳи оҳан ҷойгир буда, дар онҳо 2596 хонадон умр ба сар мебаранд. Аз ин хонаву ҷойҳо 317-тояш таъмирталаб гардида, то имрӯз дар 116 хонавода корҳои сохтмонӣ-­таъмирии зарурӣ амалӣ гардиданд. 45 кӯча ва 39 объекти атрофи роҳи оҳан обод гардида, ба тартиб дароварда шуд.

Абдусами ҚӮЗИБОЕВ,
сармутахассиси Садорати дастгирии маҳалла ва оилаи вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ