Дар ду моҳ 11 миллион сӯм

Ҳоло фасли тобистон ҳукмрон аст. Деҳқону боғбонҳо ҳосили заҳмати худро меғундоранд. Агар ба тозагиву озодагии хонаву биноҳо риоя карда нашавад, партовҳои зиёде, аз ҷумла, пасмондаи меваю сабзавот ҷамъ мешавад ва зуд бӯй мегиранд. Бинобар ҳамин, Вазорати маҳалла ва дастгирии оилаҳои Ҷумҳурияти Ӯзбекистон 9-уми июн конкурси ободонии хона, кӯча ва маҳаллаҳоро ба муддати се моҳ – июн, июл, август эълон кард.
– Дар ноҳияи мо дар 62355 хонаву ҷой 273 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд. Аз онҳо 60729 нафарашон аз 18 то 30-сола мебошанд. Дар давраи пандемияи коронавирус ба оилаҳои камбизоат қариб ба маблағи 300 миллион сӯм 12 хел маҳсулоти хӯрокворӣ тақсим карда шуд, – гуфт мудири шӯъбаи Маҳалла оид ба дастгирии аҳолии ноҳияи Каттақӯрғон Шерзод Пӯлодов.
Ба нӯҳ оилаи 69 маҳалла гову гӯсола ҷудо карданд. Дар мавзеи Қӯшҳавз ба 140 нафар ҷавонон 70 гектар замин барои бунёди токзорҳо тақсим гардид. Ба оилаҳои камбизоати ҷавон 20 холӣ замин барои кишти такрории зироати хоҷагии қишлоқ, аз қабили мош, лӯбиё ва ғайра дода шуд.
Дар маҳаллаи Мундиён оилаи Мақсуда Маҳмудова зиндагонӣ мекунад. Шавҳараш – Улуғбек дар ҷавонӣ аз олам гузашту вай бо се фарзанд бева монд. Ҳокимияти ноҳия барои ин оила гову гӯсола ва ба маб­лағи 45 миллион сӯм масолеҳи бинокорӣ ҷудо кард.
– Сохтмони хонаи ӯро то рӯзи Истиқлол ба охир мерасонанд, – гуфт раиси маҳалаи Мундиён Музаффар Қудратов. – Барои кӯмак фарзандонаш миннатдоранд ва ваъда доданд, ки дар мактаб танҳо бо баҳоҳои панҷ хонанд.
Рустам Суюнов, ки дар маҳаллаи Валиҷон зиндагонӣ дорад, аз 5 нафар иборат аст. Писараш Элдор 5 сол дар Россия кор карда, дар оғози саршавии карантин ба зодгоҳаш баргашт. Дар муддати кӯтоҳ бо падараш дар 4 хол замин гармхона бунёд карданд. Дар гармхона 1,5 ҳазор бех парвардаи помидори нави «Оливе» шинонданд, ки ҳар донааш аз ним кило зиёд мешавад. Дар зарфи ду моҳ ба маблағи 11 миллион сӯм помидор фурӯхтанд ва ҷамъоварии ҳосил боз давом дорад.

Т.НОРҚУЛОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ