Журналисти ботаҷриба Зоҳир Турақулов вафот кард

Намояндаи ботаҷрибаи Мактаби журналистикаи Самарқанд Зоҳир Турақулов дар синни 62-солагӣ даргузашт.
З.Тӯрақулов пас аз хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд солҳои 1979-1981 ҳамчун рӯзноманигори рӯзномаи «Шарқ Тонги» дар ноҳияи Самарқанд ва солҳои 1981-1991 дар рӯзномаи «Зарафшон» кор кардааст. Баъдтар дар студияи телевизионии «Самтелепресс» муҳаррирӣ кард.
З.Тӯрақулов аз замони таъсисёбӣ ҳамчун мухбири рӯзномаи ҷумҳуриятии «Адолат» дар вилояти Самарқанд кор кард.
Дорандаи медали шӯҳрат З.Тӯрақулов барои ҳамкасбонаш дар инъикоси дигаргуниҳои ҷомеа намуна буд.
Ҷамоаи рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» ба аъзоёни оила ва наздикони марҳум сабри ҷамил мехоҳем. Илоҳо, рӯҳаш шоду охираташ обод бошад!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ