Мардум бештар бо кадом масъала ба суд муроҷиат мекунанд?

Чунин суол дар анҷумане, ки дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки вакилони комиссияи доимӣ роҷеъ ба масъалаҳои таъмини қонунмандӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят ва суди вилоятӣ оид ба корҳои шаҳрвандӣ ташкил гардид, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Сараввал, иҷрокунандаи вазифаи раиси суди вилоятӣ аз рӯи корҳои шаҳрвандӣ Байрамалӣ Норов аз хусуси мониторинги корҳои амалигаштаи соҳаи суд маълумот дод.
Дар анҷуман қайд гардид, ки 95 фоизи ҳуҷҷатҳои судие, ки судҳои вилоятӣ қабул кардаанд, мавриди баҳс қарор нагирифтаанд, яъне ягон шикоят ё шикояти кассатсионӣ мавҷуд нест. Инчунин, баъзе масъалаҳои оиди фаъолияти суд низ баррасӣ гардид.
– Фармонҳои суд асосан дар маврид­ҳои қарзи андоз ё хизматрасониҳои коммуналӣ бароварда мешавад, – гуфт А. Аҳроров. – Дар ин сурат шаҳрванди қарздор ва ё шахси ҳуқуқӣ ба эътибор гирифта намешавад. Дар асл бошад, оё суд баъд аз гӯш кардани ҳар ду тараф қарори дахлдор бароварданаш лозим нест?
Б. Норов ба маврид будани масъаларо қайд намуда, гуфт, ки дар чунин ҳолатҳо агар шахси ҷисмонӣ ё ҳуқуқӣ ба суд бо далели он, ки вай қарздор нест ё ки миқдори дар ҳуҷҷати суд муқарраршуда аз ҳақиқат дур аст, муроҷиат намояд, қарори суд қатъ карда мешавад.
Ғайр аз ин, дар ҷамъомад масъалаи ғайриқонунӣ сохта шудани хонаву ҷойҳо низ баррасӣ гардид.
Зикр гашт, ки ҳаллу фасли корҳои сохтмони беш аз 2300 ҳолати манзили ғайриқонунӣ ба туфайли шароити пандемия боздошта шуд. Дар чоряки аввал, дар доираи ин гуна корҳо нисбати мансабдорони дахлдор барои амал ё беамалиашон чораҳо андешида шуда, қариб 20-то қарорҳои махсус ба имзо расид.
Дар охири семинар хулоса карда шуд, ки ҳар як шахс мехоҳад, қарори суд ба манфиати ӯ ҳал шавад. Аз ин рӯ, бояд ҳар кас баробари ҳуқуқу маҷбурият ӯҳдадории худро низ донад. Бинобар ин, минбаъд ҳамкории намояндагони халқ ва вакилони судро боз ҳам мус­таҳкам намуда, доираи корҳои тарғиботиву ташвиқотиро васеъ кардан мувофиқи мақсад аст.

Мухбири худамон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ