Масҷидҳо низ то 1 август баста мешаванд


Бар асоси қарори комиссияи махсуси Ӯзбекистон, аз 10 июл то 1 август, фаъолияти муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо қатъ мегарданд.
Дар қарори комиссияи махсус чунин гуфта мешавад, “Кумитаи корҳои динии вобаста ба Девони Вазирон бо таваҷҷӯҳ ба пешниҳодҳои идораи мусалмонони Ӯзбекистон ва дигар фирқаҳои динӣ, ба далели вазъияти эпидемиологӣ фаъолияти муассисаҳои диниро аз 10 июл то 1 август қатъ мекунад”.
Комиссияи махсус қабл аз ин дар масҷидҳои минтақаҳои сабз аз 5 июн ба намозгузорӣ иҷозат дода буд, бо шарте, ки ба меъёрҳои эпидемиологӣ (ниқоб пӯшидан) ва ба фосилаи иҷтимоӣ (фосилаи 1,5-2 метрӣ миёни намозгузорон) риоят карда шавад.
Бо вуҷуди ин тадбирҳои умумии динӣ ( намози ҷумъа ва ғайра) мамнӯъ буд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ