Қазоқистон 13 июл-ро рӯзи мотам эълом кард


Дар Қазоқистон 13 июл ба поси хотири қурбониёни коронавирус “Рӯзи миллии мотам” эълом шуд. Дар ин бора расонаҳои хабарии Қазоқистон гузориш медиҳанд.
Қосим Ҷомарт-Тӯқаев, раисҷумҳури Қазоқистон рӯзи гузашта дар муроҷиати худ ба мардум дар бораи рӯзи мотам эълом шудани 13 июл маълум кард.
Тӯқаев гуфт, “Дар паси хабарҳои расмӣ фоҷеаи садҳо хонавода ниҳон аст. Касе падари худро, дигаре модар, бародар, писар ва ё духтари худро аз даст додааст. Ман ба ҳамаи онҳое, ки наздикони худро гум карданд, таслият мегӯям ва ба ин далел 13 июлро рӯзи миллии мотам эълом мекунам”.
Ёдовар мешавем, ки шумори мубталоёни коронавирус дар Қазоқистон шадидан афзоиш ёфт ва аз 51 ҳазор нафар фаротар рафтааст. То ҳол 31,9 дарсади беморон шифо ёфтаанд ва 264 нафар қурбони вирус шудаанд.
Манбаъ:qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ