Қатъномаи Русия бобати ёрии инсондӯстона ба Сурия аз сӯи Шӯрои амнияти СММ рад шуд


Лоиҳаи қатъномаи фиристодани ёрии кумаки инсондӯстона ба Сурия аз тариқи сарҳади Туркия, ки Русия ба Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид (СММ) пешниҳод кард, рад шуд.
Ин хабар дар сойти СММ мунташир шуд.
Чаҳор кишвари узви Шӯрои амният ин лоиҳаро пуштибонӣ карданд ва ҳафт кишвар онро рад карданд. Ба далели маҳдудияте, ки СММ барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҷорӣ кардааст, кишварҳои узви Шӯрои амният бо ирсоли паём овоздиҳиро баргузор карданд.
Русия дар ин қатънома пешниҳод кард, ки ёриҳои инсондӯстона танҳо аз як гузаргоҳи марзӣ – “Боб-ал-Ҳаво” ба қаламрави Сурия ворид гардад.
Гуфта мешавад, ки Чин ва Русия низ рӯзи 7 июл лоиҳаи қатъномаи идомаи фиристодани ёриҳои инсондӯстона ба Сурияро, ки Олмон ва Белгия пешниҳод карданд, рад карда буданд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ