Дар Сурхандарё минтақаи карантинии дорои 1000 ҷой бунёд гардид

Дар ноҳияи Тирмизи Сурхандарё дар муддати кӯтоҳ минтақаи карантинӣ сохта шуд, ки дорои 1000 ҷой мебошад. Минтақаи карантинӣ бо контейнерҳо ҷиҳозонида шудааст. Бино ба маълумотҳо, сохторҳои шамолдиҳӣ (вентилятсионӣ), оксигенрасонӣ ва коммуникатсионӣ ба тарзи замонавӣ ҷиҳозонида мешавад. Инчунин, корҳои ба сохторҳои қувваи барқ, газ ва об васлкунӣ бо суръат амалӣ мегарданд. Дар барпокунии минтақаи карантинӣ тамоми меъёрҳои санитарию гигиенӣ ба ҳисоб гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар ду баст ташкил мегарданд. Дар объект қариб 200 нафар бинокор меҳнат карда истодаанд. Корҳои сохтмонӣ 5-уми июл ба охир расонда шуд, минтақаъ рӯзҳои наздик ба истифода супурда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ