Ба ронандаҳои таксӣ барои мусофиркашонӣ талаботи нав гузошта мешавад

Бо қарори комиссияи махсуси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз рӯйи пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии коронавирус ба Ҷумҳурияти Ӯзбекистон оиди тасдиқ гаштани маҳдудият ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт хабар дода шуда буд. Бо қарор, ба ҳаракати таксиҳои бесамт дар талаботи асосии зерин иҷозат дода мешавад: — барои мусофиркашонӣ дар солуни воситаҳои автонақлиёт байни ронанда ва мусофирон бо пластики шаффоф ё ин ки плёнкаи махсус ҷудо шуданаш лозим; — танҳо ду мусофирро бо солуни оқиб савор кардан даркор; — ронанда ва мусофирон дар ниқоби тиббӣ (мусофири бе ниқобро савор кардан манъ аст) шуданашон шарт аст; — автонақлиёт танҳо дар доираи минтақаи аз рӯйхати давлатӣ гузаронидашуда ҳаракат карданаш шарт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ